ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Шабакаи телевизионии амрикоии CBS "News" рубли русиро устувортарин ва муассиртарин пули ҷаҳон дар соли 2022 номид, менависад "Известия".
Таҳлилгарон мегӯянд, ки пули русӣ пас аз поин рафтан дар ду моҳи пеш дар пайи таҳримҳо “гардҳои ҳайратангез” - ро нишон дод.
Ҳамин тариқ, аз моҳи январи соли ҷорӣ қурби рубл дар баробари доллар 40 дарсад боло рафт.
Муътадилии рубл маънои онро дорад, ки Русия аз таҳримҳои иқтисодии муҷозоткунандаи кишварҳои ғарбӣ ҳифз шудааст, менависад муаллифони мақола.
Тавре хабарнигорон тавзеҳ доданд, ин ба он далел аст, ки бисёре аз харидорони хориҷӣ бо талаби Русия барои пардохти пули манобеъи энержӣ бо рубл розӣ шуданд.
Илова бар ин, афзоиши якбораи арзиши манобеи энержии Русия нақши муҳим бозид.
Рӯзи 26 май вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников гуфт, ки қурби феълии доллар ба ҳадди ақали нишондоди муаяншуда наздик аст ва ба тадриҷ баргаштан ба қурби мувозинати қаблии рубл зарур аст.
Пеш аз ин, рӯзи 19 май, ёвари президенти Русия Максим Орешкин гуфта буд, ки қурби феълии рубл комилан бозорӣ аст. Ба гуфтаи вай, пули миллии Русия ба далели тавозуни қавии пардохт ба далели гаронии қимати нафти содиротӣ тақвият меёбад.
Илова бар ин, Бонки марказӣ ва Вазорати молия аз хариди асъори хориҷӣ дар бозор даст кашиданд, имкони бозпас гирифтани сармоя ба кишварҳои ба Федератсияи Русия ғайридӯст ва пардохт ба сармоягузорон аз ин кишварҳоро бастаанд, афзуд ёрдамчии президент.
Bloomberg рӯзи 12 май хабар дод, ки 20 ширкати аврупоӣ аллакай дар "Газпромбонк" суратҳисоб боз кардаанд, то тибқи шартҳои Маскав пули гази Русияро пардохт кунанд.
Ин ба он далел аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 23 март эълом дошт, ки кишвар ба пардохти пули интиқоли газ ба кишварҳои ғайридӯст бо рубл мегузарад.