Раҳмон гуфт, дар гузаргоҳҳои марзӣ бояд чӣ гуна афрод кор кунанд

Президенти Тоҷикистон мегӯяд, мутахассисон дар гузаргоҳҳои марзӣ бояд забондон бошанд ва барои тарбияи чунин кормандон диққати бештар дода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз Хадамоти марзбонии кишвар хост, ки ба омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба ҷойи кори муносиб таъйин кардани онҳо диққати хоса дода шавад.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҳузури афсарону сарбозони нерӯҳои марзӣ дар Маркази таълими "Пойтахт" ба муносибати иди касбияшон изҳор дошт.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки ҳангоми интихобу ҷобаҷогузории мутахассисон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ба сатҳу савияи касбият, забондонӣ, одоби муоширати миллӣ ва маданияти баланди хизматрасонии кадрҳои сарҳадбон бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
"Корро дар самти омода намудани мутахассисони ҷавон тавре ташкил бояд кард, ки онҳо вазифа ва уҳдадориҳои худро ба хотири ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намоянд", - гуфт Раҳмон.
Президент дар ин самт, масъалаҳои баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти худ, боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳи таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ифтихори миллӣ ва ҳушёриву зиракӣ тарбия кардани донишомӯзонро аввалиндараҷа ҳисобид.
Ба гуфтаи раҳбари давлат, тайи панҷ соли охир зиёда аз 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва хориҷро хатм карда, ҳоло қариб 1000 нафари дигар дар ин самт таҳсил доранд.
Русия ба Тоҷикистон дар таҳкими амнияти марз кумак хоҳад кард
Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир водор месозад, ки ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро ҳаргиз фаромӯш накунанд, гуфт раисҷумҳур.
Оқои Раҳмон гуфт, ки мушкилоти ҳифзи сарҳади тӯлонӣ байниТоҷикистон ва Афғонистон, ки барои кишварҳои аъзои МДМ ва давлатҳои ИА нақши минтақаи буфериро дорад, гувоҳи равшани аҳаммияти хоссаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ӯ аз тавоноӣ ва нақши нерӯҳои киҳвар ёдовар шуда гуфт, ки он баробари ҳифзи марзҳои Тоҷикистон, кишварҳои аъзои ИДМ ва ИА-ро аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилливу фаромарзӣ ҳимоя карда истодаанд.