Путин созишномаи СПАД дар бораи амалиёт ва кумаки ҳуқуқиро тасвиб кард

Дар созишнома муқаррар шудааст, ки мақомоти СПАД оид ба ошкор намудан, дастгир кардан ва супоридани шахсони ҷинояткор бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин қонун дар бораи тасвиби созишномаи вижагиҳои фаъолияти нирӯҳо ва васоили амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СПАД -ро имзо кард.
Ин созишнома ҳам чунин ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дахл дорад. Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Дар он чунин мафҳумҳо маънидод карда мешаванд: "ҷои ҷойгиркунӣ", "вазифаҳои хизматӣ", "органҳои салоҳиятдор", "амалиёти таъҷилии тафтишотӣ".
Созишнома дар бораи салоҳият ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои марбут ба ҳузури муваққатии нерӯҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар қаламравҳои кишварҳои узви СПАД 16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе имзо шуд.
Сарҳанг аз хатари сар задани низоъ барои кишварҳои СПАД гуфт
Ҳуҷҷат механизми тафтиши ҷиноятҳоеро, ки аъзои сохторҳои ирсолкунанда дар ҳудуди тарафи қабулкунанда содир кардаанд, муқаррар мекунад; дигар шаҳрвандоне, ки ба ҳайати отрядхо дохил нашуда, вале дар маҳалли ҷиноят дар ҳудуди таъиноти отряд дастгир шудаанд.
Муқаррар карда шудааст, ки мақомоти салоҳиятдори тарафҳо оид ба ошкор намудан, дастгир кардан ва супоридани шахсони ҷинояткор бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд.
Зас омодагии СПАД-ро барои посух ба таҳдидоти ношӣ аз густариши НАТО эълон кард
Аммо ҳар як тараф харочҷотро, ки ҳангоми татбиқи салоҳияти худ оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории миллии худ, мустақилона бар дӯш дорад.
Созишнома пешбинӣ мекунад, ки дархост дар бораи ёрии ҳуқуқӣ метавонад рад карда шавад, агар расонидани чунин кумак ба истиқлолият ё амният зарар расонад ё хилофи қонунгузории миллии тарафи дархостшаванда бошад.