ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Муфаттишони Русия барои таҳқиқи далелҳои ҷиноятҳои ҷангҷӯёни украинӣ вориди Херсон шуданд.
Дар ин бора муовини раиси маъмурияти низомиву шаҳрвандии вилоят Кирилл Стремусов хабар дод.
"Гурӯҳи муфаттишони Русия омада, ба таҳқиқи далелҳои шиканҷаи ҷангҷӯёни украинӣ, ки ин минтақа таҳти назорати режими Киев буд ва ҳамчунин тирборон кардани минтақа аз ҷониби миллатгароён бо мушакҳои "Точка-У" шурӯъ карданд", - гуфт Стремусов.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухан нест, таъкид кард президенти Русия.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.