ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вилояти Запороже ба вақти Москва гузашт. Дар ин бора намояндаи Шӯрои асосии мудирияти низомию шаҳрвандии вилоят Владимир Рогов хабар дод.
"Дигар ягон нишонае ба вақти Киев ва гузаштан ба вақти зимистонию тобистонӣ нест. Ақрабаки соат гардонида намешавад", - таъкид кард ӯ.
Илова бар ин Рогов дар суҳбат бо РИА "Новости" гуфтааст, дар қисмати озодшудаи вилояти Запороже талаботи зиёд барои дарёфти шаҳрвандии Русия вуҷуд дорад.
"Шумораи хеле зиёди хоҳишмандоне дар шаҳри Запороже ҳастанд, ки то ҳол зери назорати режими Зеленский қарор доранд", - гуфт Рогов.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Украина низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро озод карданд.
Дар минтақаҳо мудириятҳои ҳарбӣ- шаҳрвандӣ ташкил карда шуданд, пахши шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Русия оғоз шуд, робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Инчунин минтақаҳо тадриҷан аз гривна даст кашида, системаи нави андозҳо, таъминоти ашёи хом ва маҳсулот ташкил карда мешаванд.
Аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижа барои аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украинаро анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин онро ҳадафи инро "ҳифозати мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд" номид.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.