ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо сазовори нуҳ медал гардиданд, хабар медиҳад Федератсияи таэквандо.
Бар иттилои манбаъ, ин мусобиқа ба хотири профессор Бак Мун Ҷонг баргузор гардид.
Гуфта мешавад, мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сурат гирифт ва 1200 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон иштирок намуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 46 нафар – 36 варзишгар, 4 довар, 6 мураббӣ дар мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
"Медалҳои нуқраро Абдуҷаъфари Баҳодур, Мино Шарифова дар миёни наврасон, Фарида Ғуломова ва Муниса Ойматова миёни калонсолон ба даст оварданд", - омадааст дар хабари федератсия.
Панҷ варзишгари дигар, Хосият Сафарова, Нурина Алиназарова миёни наврасон, Муниса Исматова, Муҳаммадҷон Сунатов ва Абумуталиб Мирзоев миёни калонсолон соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.