Дар Тоҷикистон нархи бензину дизел каме поён шуд, вале газ бетағйир

Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар навоҳии Тоҷикистон, махсусан дар шимоли кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ андаке коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд субҳи 27 май тоблуҳои нархи худро иваз намуданд, ки дар онҳо коҳиши арзиш мушоҳида мешавад.
Дар тоблуҳои нав ҳоло арзиши бензини АИ 95 11,10 сомонӣ, АИ 92 10, 60 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 60 сомонӣ муқаррар шудааст.
Нархномаи ҷадид дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ 20 дирам арзон гуфта мешавад.
Ҳудуди ду моҳ ба ин тараф бензини АИ 95 11, 30 сомонӣ, АИ 92 – 10, 80 сомонӣ ва дизел – 11, 80 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ҳудуди ду моҳ ба ин тараф бензини АИ 95 11,30 сомонӣ, АИ 92 10,80 сомонӣ ва дизел 11,80 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ истеҳсол ва ворид кардааст
Масъулони таъмингоҳҳои маводи сӯхт зимни суҳбат дар бораи тағйирёбии нарх таъкид мекунанд.
Дилшод Ҳасанов, яке аз фурӯшандаҳои ширкати маводи сӯхт дар Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби коҳиши нархро ба қурби доллар рабт дод.
“Қимати доллар ҳар рӯз коҳиш ёфта истодааст, ба ҳамин сабаб нархи маводи сӯхт ҳам дар ҳамаи фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии кишвар рӯ ба поёнравӣ дорад”, – гуфт ин фурӯшанда.
Наздик ба як моҳ аст, ки арзиши доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаии асъор ба таври бесобиқа поён меравад. Бино ба эълони бонкҳои Тоҷикистон, арзиши 1 доллари амрикоӣ ба 11,4 сомонӣ баробар шудааст. Дар ин миён арзиши 1 рубли русӣ то 1,73 сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ 0, 23 сомонӣ бештар аст.
Тоҷикистон ниёзашро ба маводи сӯхт аз ҳисоби воридот таъмин мекунанд. Асосан ин навъи маҳсулот ба кишвар аз Русия ва Қазоқистон ворид мегардад.