ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Теъдоди паноҳандагон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад афзоиш ёбад. Дар баробари ин хатари вуруди террористон афзоиш меёбад.
Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар ҷараёни даври 4-уми машваратҳои бисёрҷониба оид ба мушкили Афғонистон дар Душанбе изҳор дошт.
"Хатари бад шудани вазъи ҷиддии муҳоҷират вуҷуд дорад. Дар баробари ин хатари ҳаракати гурезагон на танҳо ба самти Эрон ва Покистон, ки ҳоло беш аз 80% муҳоҷиронро қабул мекунанд, балки ба Осиёи Марказӣ низ вуҷуд дорад", - таъкид кард Патрушев.
Вай ёдовар шуд, ки тибқи маълумоти СММ, шумори гурезагон дар соли 2021 2,6 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар сурати идомаи вазъи бад дар Афғонистон ин рақамҳо чандин баробар зиёд хоҳанд шуд, қайд кард котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.
Патрушев ҳамчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки аъзои созмонҳои байналмилалии террористӣ “дар хоки Афғонистон худро роҳат эҳсос мекунанд”. Онҳо метавонанд ба давлатҳои ҳамсоя ворид шаванд.
Ҳоло дар Афғонистон қариб 20 гурӯҳ амал мекунад, ки калонтарини онҳо "Вилояти Хуросон*, як шохаи "Давлати исломӣ* мебошад.
Шумораи ҷанговарони "Ал-қоида* низ меафзояд. Ҳоло дар он қариб ҳазор нафар аст.
Патрушев дар хотима гуфт, ки ноустуворӣ дар Афғонистон бинобар афзоиши мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва бад шудани вазъи озуқа тезутунд мешавад.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.