Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё суханронӣ мекунад.
Дар ин чорабинӣ президентҳои Қирғизистону Беларус Содир Ҷабборов ва Александр Лукашенко, раҳбари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок доранд.
Аз кишварҳои нозир дар ин нишаст раисони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Куба Шавкат Мирзиёев ва Мигел Диас-Канел ҳузур доранд.
Иштирокчиёни ҷаласа фаъолияти ИИАО, аз ҷумла самтҳои стратегии рушди ҳамгироӣ то соли 2025-ро баррасӣ намуда, дастурҳои сиёсати макроиқтисодии кишварҳои узви иттиҳод барои солҳои 2022-2023-ро тасдиқ, инчунин рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории байни созмону шарикони хориҷиро баррасӣ мекунанд.
Ҷаласа таҳти раёсати Қирғизистон дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 26 май дар Бишкек нахустин Форуми иқтисодии Авруосиё оғоз шуд.
Дар соли 2022 тақрибан 2,5 ҳазор нафар аз 15 кишвар барои ширкат дар ин чорабинӣ дархост гирифтанд. Инчунин соҳибкорон аз Амрикои Лотинӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати ИИАО Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дохил буда, Молдова, Ӯзбекистон ва Куба мақоми кишварҳои нозирро доранд.