Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

"Сомон эйр" парвозҳои мунтазам ба Қазон ва Новосибирскро аз сар мегирад

Ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон "Сомон эйр" ҳафтае як бор ба шаҳрҳои Қазон ва Новосибирск парвози мунтазам анҷом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" аз барқарории парвозҳои мунтазам дар ду масир хабар дод, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ин ширкат.
Ҳамин тариқ сар аз 9 июн парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе - Қазон - Душанбе ва Хуҷанд - Новосибирск - Хуҷанд аз сар гирифта мешаванд.
Парвозҳо дар ин хатсайрҳо ҳафтае як бор, рӯзҳои панҷшанбе ба нақша гирифта шудаанд.
Маълум аст, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳои "Boeing 737-800" ва 737-900 анҷом дода мешаванд.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон соати 17:40, аз Қазон ба Душанбе соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Аз Хуҷанд ба сӯйи Новосибирск ҳавопаймо соати 20:30 равон мешавад. Шаби панҷшанбе ба ҷумъа, соати 03:00 ба вақти маҳаллӣ, он боз мегардад.
"Nordwind" парвоз дар хатсайри нави Перм - Душанберо оғоз мекунад
Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба арзиши чиптаҳо, ширкати ҳавопаймоӣ хоҳиш мекунад, ки ба офисҳои фурӯш ва маркази тамоси "Сомон эйр" муроҷиат намоед.
Илова бар ин мушаххас шудааст, ки ҳамаи мусофирон, ба истиснои шаҳрвандони Русия, ки ба ин кишварҳо парвоз мекунанд, бояд бо худ шаҳодатномаи ПСР бо натиҷаи манфии санҷиши коронавирусро дошта бошанд.
Он бояд на дертар аз 48 соат пеш аз расидан ба қаламрави Русия гирифта шуда бошад.
"Сомон эйр" шумори парвозҳо аз Душанбе ба Истанбулро афзоиш дод
Ҳамчунин аз 15-уми март бо хатсайрҳои ширкати “Сомон эйр” аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон бо шаҳодатномаи ваксиназанӣ парвоз кардан мумкин аст. Ё мусофир бояд шаҳодатномаи санҷиши ПСР барои COVID-19 дошта бошад, ки натиҷаи манфӣ дораду на дертар аз 72 соат пеш аз ворид шудан ба ҷумҳурӣ дода шудааст.
Барои кӯдакони то 3-сола ташхис лозим нест.