Аз борону жола то селу обхезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

Шаби 27 май ба 28 май дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ бинобар боришотӣ шадид селу обхезӣ пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии ҳавосанҷии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, шаби 27 май ба 28 май дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур набуда, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои ҳавои боронӣ бо раъду барқ мунтазир аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдори КҲФ ба тоҷикистониён: борону жола мебораду сел меояд
Хатлониёнро бошад, ҳавои тағйирёбанда мунтазир буда, шабона бебориш дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои боронӣ бо раъду барқ фаро хоҳад гирифт. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона бебориш дар назар буда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Шаби 27 май ба 28 май дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел-обхезӣ дар назар буда, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва Зарафшон баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.