ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Интиқоли беназорати аслиҳаи амрикоӣ ба Украина бар асари амали зархаридон метавонад боиси ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА гардад.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба мақолаи рӯзноманигор Раҷан Лаад барои "American Thinker" хабар медиҳад.
Ба гуфтаи муаллиф, дар Украина 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аст, ки қабл аз фиристодан ба минтақаи ҷанг дуруст тафтиш нашудаанд.
Барои баъзеи онҳо, сафар ба Украина имкони дуздидани силоҳи муосир ё барои истифодаи минбаъда ё фурӯши онҳо дар бозори сиёҳ бо нархи гарон аст, шарҳ дод таҳлилгар.
"Агар яке аз "ҷангиён" террорист бошад, маълум мешавад, ки худи Ҳукумати Амрико имкони ҳамлаҳои террористиро дар хоки худ фароҳам меорад", - гуфт Лаад.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки 22 узви Конгресс аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ шубҳа доранд, ки ҳукумати президент Ҷо Байден ба талаботи Санади назорати содироти силоҳ дар соли 1976 мувофиқат кунад.
Ин ҳуҷҷат истифодаи яроқеро, ки Вашингтон ба дигар мамлакатҳо содир мекунад, маҳдуд мекунад.
"Ин савол беҷавоб монд. <...> Ҳама амрикоиҳо бояд на танҳо аз маблағи сарфшуда, балки аз оқибатҳои манфии эҳтимолии ин тасмим низ дар ташвиш бошанд", - хулоса кард коршинос.
Дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, Вошингтон ва муттаҳидони НАТО ба ин кишвар силоҳ мефиристанд.
Маскав борҳо ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳи ғарбӣ танҳо муноқишаро дароз мекунад ва ҳамлу нақл бо онҳо ҳадафи қонунӣ мешавад.
Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден лоиҳаи қонун дар бораи тахсиси кумакҳои низомӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ба Киевро имзо кард.
Ҳуҷҷат инчунин маблағҳои мухталиферо дар бар мегирад, ки ба ин ё он шакл ба вазъ дар Украина марбутанд. Конгресс ин маблағро аз 33 миллиард долларе, ки дар аввал сарвари давлат дархост карда буд, тақрибан то 40 миллиард доллар афзоиш дод.