ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ҳамсолони худ аз Ӯзбакистон бозии дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.
Ин дидор шоми 25 май дар варзишгоҳи “Металлург”-и Бекобод баргузор шуда, бо пирӯзии тими Ӯзбекистон – 2:0 анҷом ёфтааст.
Ду голи ҳайати мизбонро Отабек Ҷӯрақузиев ва Улуғбек Хошимов ба самар расониданд.
Гуфта мешавад, ки нуҳ бозигари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҳоло дар ихтиёри дастаи мунтахаби кишвар қарор доранд, ки ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд.
Ба ин далел онҳо наметавонанд дар ҳайати тими олимпӣ дар мусобиқоти Қаҳрамонии Осиё дар Ӯзбакистон, ки аз 1 то 19 июн баргузор мешавад, ширкат кунанд.
Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “D” баромад мекунад.
Рақибони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳоло мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Маркази таълимии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев тамринро идома медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ба омодагиҳо 23 бозигар даъват шудааст.