ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Русия ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика аҳамияти хоса медиҳад ва омода аст, ба ҳамсоягони худ дар таҳкими амнияти энергетикӣ кумак кунад.
Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нахустин Анҷумани иқтисодии Авруосиё дар Бишкек вазири энержии Русия Николай Шулгинов иттилоъ дод.
"Ба фарзи мисол, садама дар таърихи 25 январи соли 2022. Дар асоси он хулосаҳо бароварда шуданд, ки дар Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳое дар шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ вуҷуд доранд ва дар сурати набудани интегратсия ин ҳолатҳо шиддат мегиранд", - гуфт вазир.
Ҳоло Федератсияи Русия дар Шӯрои ҳамоҳангсози энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми нозир дорад, аммо мехоҳад узви комилҳуқуқи он шавад, хабар медиҳад РИА "Новости" аз қавли вазир.
Нақшаҳои наздиктарин ҳамоҳангсозӣ бо системаи энергетикии Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки соли 2009 системаи ягонаро тарк кардааст.
Шулгинов инчунин лоиҳаи CASA-1000-ро муҳим номид. Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон ба он таваҷҷуҳ доранд. Вай ёдовар шуд, ин тарҳ имкон медиҳад, ки нерӯи барқи изофӣ ба минтақаҳои муҳтоҷи нерӯи барқи Афғонистон ва Покистон фиристода шавад.
Раиси Вазорати энержии Русия ҳамчунин имкони интиқоли нерӯи барқ аз Сибир ба Қирғизистону Қазоқистонро эътироф кард.
Ба гуфтаи вай, ин "ҳамаи мушкилотро ҳамвор карда, яке аз унсурҳои истифодаи муассир аз ҳамгироӣ мешавад". Нокомӣ дар ҳалқаи энергетикии ба ҳам пайвасти Осиёи Марказӣ 25 январи соли 2022 ба се кишвар таъсир расонд. Дар бисёре аз шаҳрҳои ҷануби Қазоқистон, саросари Ӯзбекистон ва Қирғизистон барқ хомӯш шуд.