ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал баргузор гардид ва рақибони мунтахаби Тоҷикистон маълум шуданд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар асоси натоиҷи қуръакашӣ хабар дод, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" қарор гирифтанд.
Ҳамин тариқ варзишгарони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Ӯзбекистон, Туркманистон ва Баҳрайн бозӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи қуръакашӣ 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шуданд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувейт баргузор мешавад.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувейт баргузор мешавад.
Зимнан ба гурӯҳи "А" мунтахаби футзалҳои Кувейт, Ироқ, Тайланд ва Уммон роҳ ёфтанд.
Ҳамчунин тимҳои Эрон, Лубнон, Тайбэйи Чин ва Индонезия вориди гурӯҳи "С" гардиданд.
Мунтахаби Ҷопон, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ бошад, ба гурӯҳи "D" дохил мешаванд.