Лукашенко гуфт, Беларус қодир аст, бо давлатҳои бузург муқовимат кунад

Президенти Беларус бовар дорад, кишвараш комилан қодир аст, ки ба бузургтарин давлатҳо муқовимат кунад. Ӯ мегӯяд, қувва дигар дар шумораи аҳолӣ нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Беларус аз лиҳози низомӣ қодир ба муқовимат ба бузургтарин давлатҳост гуфт, раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва тавзеҳ дод, ки дар шароити муосир натиҷаи амалиёти ҷангӣ дигар он қадар аз теъдоди артиш ва қудрати низомии он вобаста нест.
"На аз рӯйи шумора, балки бо маҳорат мубориза бурдан лозим аст, чунон ки фармондеҳи маъруфи мо гуфта буд. Ин имрӯз аҳамияти ҷиддӣ пайдо карда истодааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳатто як давлати хурде ба мисли Беларус ба муқовимат бо бузургтарин давлатҳо қодир аст", - гуфт Лукашенко дар як нишаст дар Вазорати дифои ин кишвар дар Минск.
Президент қайд кард, ки артиши Беларус дар ҳолати зарурӣ ба амалиёти низомӣ омода аст.
Лукашенко дар бораи хатари ҳамлаи эҳтимолии Лаҳистон ба Беларус гуфт
"Аммо ман бори дигар таъкид мекунам: ҷанги гарм он чизест, ки мо медонем ва метавонем ва Худо накунад, анҷом диҳем. Муқовимати иттилоотие, ки қабл аз ҷанги гарм ва ҳама гуна бархӯрди низомӣ ҳамроҳ мешавад, хеле муҳим аст", - менавсиад хабаргузории "Белта" аз қавли Лукашенко.
Лукашенко шарти анҷоми сареи низоъ дар Украинаро гуфт
Ба гуфтаи президент, ба таври умум эътироф шудааст, бо он кишварҳое мубориза бурдан душвор аст, ки на танҳо қудрати низомӣ, балки шумораи зиёди аҳолӣ низ доранд. Аммо имрӯз натиҷаи амалиёти ҷангӣ мисли пештара ба ин омил вобаста нест.