ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар вилояти Хатлон як беморхонаи нави мубориза бо бемории сил ба маблағи 11 миллион евро бунёд мешавад, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Сохтмони бемористон дар Кӯлоб дар чаҳорчӯби Созишномаи ҳамкориҳои молӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон пешбинӣ шудааст.
Ин созишнома соли 2020 барои маблағгузории лоиҳаи марҳилаи VI Барномаи мубориза бо бемории сил ба имзо расида буд.
Тибқи ин созишнома, 12,5 миллион евро ҷудо шудааст, ки 1,5 миллион евро барои муҷаҳҳаз сохтани беморхонаи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитони Ваҳдат ва пули боқимонда барои дармонгоҳи нав дар Кӯлоб ихтисос меёбад.
Илова бар ин Вазорати иқтисод қайд кард, ки созишномаи иловагӣ оид ба додани грант барои татбиқи лоиҳа бо Бонки рушди Олмон ва "Помир энерҷӣ" ба маблағи 17,4 миллион евро баста шудааст.
Маблағи иловагӣ ба сохтмони НБО "Себзор"-и ВМКБ меравад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Тоҷикистон таҷҳизот барои безараргардонии партовҳои тиббӣ ҳадя карда буд.
Таҷҳизот дар чаҳорчӯби тарҳи "Таҳкими системаи ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон"-и Иттиҳодияи ҷаҳонии ваксина ва эмкунӣ харидорӣ шудааст.