Изҳороти муҳими Путин дар Форуми иқтисодии АвруОсиё: видео

Президент гуфт, ки таҳримҳо ба Русия чӣ таъсир мерасонанд, бо рафтани ширкатҳои хориҷӣ чӣ мешавад ва оё Русияро аз иқтисоди ҷаҳонӣ ҷудо кардан мумкин аст
Sputnik
Таҳримҳои Ғарб барои Русия як қатор мушкилотро ба бор меорад, аммо ҳамзамон онро қавӣ мегардонад. Дар ин бора Владимир Путин, кишвардори Русия дар нахустин Форуми иқтисодии АвруОсиё изҳор дошт.
Кишвардор эътироф кард, ки намояндагони соҳибкорон, аз ҷумла дар соҳаи логистика ва нақлиёт бо мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд.

"Бо вуҷуди ин ҳама чизро метавон ислоҳ кард, ҳама чизро метавон ба таври нав сохт - на дар марҳилаи муайян ва бидуни талафот. Аммо ин ҳам ба он оварда мерасонад, ки мо воқеан, аз баъзе ҷиҳатҳо қавитар мешавем", - таъкид кард раҳбари Русия.

Ӯ қайд кард, ки Русия аз арсаи иқтисодии ҷаҳонӣ берун рафтанӣ нест. Кишвар ният надорад, ки аз технологияҳои кишварҳои пешрафта дур шавад.
"Мо бартариҳои бузурги технологӣ, бартариҳои технологияҳои олиро дар кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ дарк мекунем. Мо аз ин худдорӣ карданӣ нестем, онҳо мехоҳанд мавқеи моро каме танг кунанд. Аммо дар ҷаҳони муосир ин ғайривоқеист, ғайриимкон аст", - гуфт Путин.
Путин дар бораи интиқоли пули муҳоҷирон дар шароити буҳронӣ гуфт
Ба гуфтаи вай, агар Русия "худро бо девор ҷудо накунад, пас ҳеҷ кас наметавонад чунин кишвареро мисли Русия ҷудо кунад". Ин ба шарикони он дар ИИАО низ дахл дорад.
Президент гуфт, ки Русия ба рушди муносибатҳо бо ҳамсояҳои табиии худ ва кишварҳои ИДМ афзалияти бештар медиҳад.
Путин дар шарҳи хуруҷи оммавии ширкатҳои хориҷӣ аз Русия таъкид кард, ки ҷойи онҳоро истеҳсолкунандагони ватанӣ хоҳанд гирифт.
Тиҷорати Русия аллакай "бузург шудааст" ва "ба заминаи омодакардаи шарикон бехатар хоҳад нишаст". Бо рафтани соҳибкорони ғарбӣ ба таври куллӣ чизе тағйир наёфтааст, таъкид кард президенти Русия.
Путин: Русия соҳибихтиёрии худро таъмин кардааст
Илова бар ин, Русия тавонист вазифаҳои асосии воридотивазкунандаро дар самтҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии кишварро таъмин мекунанд, ҳал кунад, гуфт Путин.
"Воридотивазкунӣ давои ҳамаи бемориҳо нест ва мо танҳо бо воридотивазкунӣ сару кор нахоҳем кард. Мо рушд мекунем", - гуфт кишвардор.
Ба гуфтаи президенти Русия, кишварҳое, ки алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ мекунанд, ба худ зиён мерасонанд. Дар баробари ин вазъияти иқтисодии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мавқеи Маскав дуруст ва асоснок аст.
Раҳбари Русия таъкид кард, нақзи қоидаҳои байналмилалӣ ва дуздии дороиҳои дигарон ба онҳое, ки чунин тасмим мегиранд, хайре намеорад.
Президент ҳамчунин гуфт, ки 75 дарсади ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратӣ дар кишварҳои узви ИИАО бо пули миллӣ сурат мегирад.