Маълум шуд, ки истироҳатгоҳҳои бачагона дар Тоҷикистон кай боз мешаванд

Дар нимаи моҳи июн лагерҳои тобистона, ки волидони зиёде фарзандони худро он ҷо барои истироҳат мефиристанд, имсол дарҳои худро барои бастҳои аввал боз мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Истироҳатгоҳҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз 14 июн ба қабули кӯдакон шуруъ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Корҳои омодагӣ моҳи апрел оғоз шуданд. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 52 муассиса омодаанд, ки дар миёнаҳои моҳи оянда дарҳои худро боз кунанд.
Ҳамин тариқ маҷмуи ин истироҳатгоҳҳо 7-то дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 7- тои дигар дар вилояти Хатлон, 19 дар вилояти Суғд ва 14 -тои дигар дар навоҳии тобеи ҷумҳуриро шомил мешавад.
Раҳмон вазифаҳои асосии ҷавононро гуфт
Имсол баъзе истироҳатгоҳҳо бачаҳоро дар ду баст, дар дигарҳо бошад, дар се-чор баст қабул мекунанд. Ҳар яке аз онҳо тақрибан 12-15 рӯз давом мекунад.
Дар баробари ин барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ятимон, ки дар мактаб-интернатҳо таҳсил мекунанд, инчунин мактаббачагони боистеъдод истироҳат ташкил карда мешавад. Гуфта мешавад, ки мақомот рӯйхати онҳоро дар моҳҳои март-апрел пешниҳод кардаанд.
Барои ташкили истироҳатгоҳҳои тобистонӣ соли ҷорӣ аз фондҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, аз мақомоти маҳаллӣ ва иттифоқҳои касаба 15 миллион сомонии иловагӣ ба ин бахш ихтисос ёфтааст.
Соли қаблӣ зиёда аз 260 ҳазор нафар аз бачагон ба истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ, варзишӣ, берун аз шаҳр фаро гирифта шуда буданд.