Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Пушилин гуфт, ки амалиёт дар шимоли ҶМД бояд тезонда шавад

Раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск гуфт, ки Киев интиқоли обро барои Донетск, Макеевка ва Горловка қатъ кардааст, аз ин рӯ амалиёт бояд тезонида шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Тезонидани амалиёт дар шимоли ҶМД муҳим аст, Киев обро барои Донетск, Макеевка, Горловка қатъ кардааст ва эҳтимол дигар иншооти барқи обиро тарконад, гуфт раиси ҶМД Денис Пушилин дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
"Барои мо самти шимол хеле муҳим аст, айни замон барои бо об таъмин кардани шаҳрҳои Донетск, Макиевка, Горловка. Маҳз дар ҳамон ҷо вазъи таъмини об ҳоло душвор аст. Ин аз сабаби он аст, ки душман аз фурсат истифода карда, обрасониро катъ кард ва бо назардошти он ки боз шаш манотиқи хавфнок дар роҳи Славянск мавҷуд аст, суръатро тезондан лозим аст", — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Пушилин, "пӯшида нест, агар душман имкон дошта бошад, ки ягон агрегати обрасониро тарконад, онро амалӣ мекунад".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин гуфт, чаро амалиёт оҳистатар аз хостаҳо пеш меравад - видео
"Аз ин рӯ мо бояд ҳадди ақал то фарорасии мавсими сармо барои барқарор кардани обрасонӣ фурсате дошта бошем, зеро дар акси ҳол вазъ метавонад ниҳоят мушкил гардад - яхбандӣ ва дигар мушкилотро дар пай дошта бошад", - гуфт Пушилин.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз зери генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд”.
Ҷангиёни "Азов"* қасди ҳамла ба марзи Русияро доштанд
Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, то 25 март, қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс номид.