Дар тирандозӣ дар мактаби ибтидоии Техас 18 кӯдак ва 3 калонсол кушта шуданд, хабар медиҳад CNN.
Як ҷавони ношинос дар мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Увалде оташ кушод. Дар бораи ангезаҳои ҷинояткор то ҳол чизе маълум нест, вай аллакай аз ҷониби пулис маҳв карда шудааст.
Волии Техас Грег Эббот таъйид кард, ки донишомӯзон ва муаллими онҳо дар тирпаронӣ кушта шудаанд ва ҳамчунин 13 талабаи дигар таҳти муолиҷаи пизишкон қарор доранд.
Дар бораи синну сол ва ному насаби фавтидагон мақомот ҳанӯз маълумот надодаанд. Маълум аст, ки дар мактабҳои ибтидоии Амрико кӯдакони аз 5 то 11-сола таҳсил мекунанд.
Дар ҷойи ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд, қаламравҳои шафати ҷои ҳодиса аз ҷониби пулис муҳосира шудааст.
Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба раиси шаҳр хабар додаанд, ки ҳодисаи тирпарронӣ дар назди мактаб рух дода, онро сокини 18-солаи шаҳри Техас Салвадор Рамос содир кардааст.