Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати қаллобӣ хабар медиҳад, ки дар ҳар ду маврид ҳам ба сокинони Душанбе зарари бузурги молӣ расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба доми қаллобон афтиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Кушониён муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки 14-уми сентябри соли 2020 марди 33-солаи сокини Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс"-ро, ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифтаааст.
Боздошти раис барои қаллобӣ: Оҷонсӣ гуфт, ӯ ба заминфурӯшӣ даст задааст
Бар ивази мошин, ӯ ваъда додааст, ки аз бинои навбунёди воқеъ дар шаҳри Душанбе, манзили сеҳуҷрагияш медиҳад, аммо маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамчунин марди 36-солаи сокини шаҳри Душанберо низ як сокини 34-солаи пойтахт, ки пеш бо моддаи 340, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудаааст, фиреб кардааст.
Парванда алайҳи раиси додгоҳи Хуҷанд ва додрасу адвокат: ба “порагирӣ” гумонбаранд
Ин мард аз ҷабрдида 11 автомашинаи гуногунтамғаро, ки арзишашон 99 ӽазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиӽад, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати муайян фурӯхта маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои зикргардидаро барнагардонидааст.
Вазорати корҳои дохиӣ афзуда, ки аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.