Дастури вазири маориф барои дастгирии омӯзгорони ҷавон дар вилояти Суғд

Вазири маорифи Тоҷикистон ба масъулини соҳа дар вилояти Суғд дастур дод, ки имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавонро ҳатман сари вақт дастрас кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро дар шаҳри Исфара ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорат баргузор кардааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилотяи Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа, муовинони вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсат, шуъбаю бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ширкат кардаанд.
Тибқи гузориши манбаъ, дар ҷаласа вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди баррасӣ шудааст.
Вазири маориф дар ин нишаст бештар ба мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳ кардааст.
Нигаронии Саидзода аз дастгирӣ нашудани омӯзгорон аз сӯйи роҳбарият дар навоҳӣ
Ӯ ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, иҷрои ҳатмии нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ супоришҳо додааст.
Ҳамчунин Саидзода аз масъулин татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва технологияи муосирро талаб кардааст.
Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣ
"Дар самти дастрасии ҳатмию саривақтии имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон, истифодаи мақсадноки биноҳои таълимию заминҳои наздимуассисавӣ, сари вақт аз курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.
Дар поёни нишаст ба сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашти вилояти Суғд дастур дода шуд, ки мушкилот ва камбудиҳои зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ошкоргардида дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда шуда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот манзур карда шавад.