ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав - обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, ин беморӣ нав набуда, онро бо забони тоҷикӣ обчакони ҳамдуна меноманд.
"Мо вазъияти ҷаҳонро бодиққат назорат карда, масъаларо меомӯзем. Ин беморӣ нав нест. Дар тоҷикон онро обчакони ҳамдуна мегӯянд", - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ҳодисаҳои гирифтории одамон ба ин бемории нав дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Бритониёи Кабир, Шветсия, Итолиё, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания ба қайд гирифта шудаанд ва аксари ин кишварҳо чораҳои амниятиро дар ин росто ҷорӣ кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин росто вобаста ба вазъи эпидемиологӣ амал хоҳанд кард.
"Вобаста ба вазъи эпидемиологӣ ва тибқи дастурҳои СҶБ амал хоҳем кард", - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Дар бораи ҷорӣ намудани низоми ниқобпӯшӣ низ ин мақомдори тоҷик гуфт, вобаста ба вазъият амал хоҳанд кард.
Бемории обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
СҶБ то кунун 131 ҳолати бемории обчакони ҳамдунаро дар лабораторияҳо тасдиқ кардааст.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.