Вазорат аз таътили тобистона ва "Занги камолот" гуфт

Вазорати маориф мегӯяд, таътили тобистона дар Тоҷикистон аз 25 май шуруъ мешавад, вале он танҳо ба хонандагони синфи як дахл дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо барои синфҳои як аз 25 май ба охир мерасанд. Дар ин бора оҷонсии "Ховар" бо истинод ба котиботи Вазорати маорифи кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, таътил барои дигар синфҳо аз якуми июн шуруъ мешавад.
Вазорат ҳамчунин таъкид намудааст, ки дар Тоҷикистон баргузор кардани "Занги камолот" ба мисли солҳои қаблӣ мамнуъ аст.
Ин ниҳод ин тасмимашро ба ҷилавгирӣ аз ҳодисоти нохуш, вайрон нашудани тартиботи ҷамъиятӣ ва масрафоти беҳудаи маблағ рабт дод.
Гуфта мешавад, муассисаҳои таълимӣ аллакай аз ҷониби Вазорати маориф мактуби дахлдор дастрас намудаанд. Дар мактуб гуфта мешавад, ки бо омӯзгорону волидон ва худи хатмкунандагон бояд суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд ва аз баргузор кардани ҳар гуна чорабинӣ ба ин муносибат ҷилавгирӣ кард.
Ӯзбекистон таҷрибаи Тоҷикистонро пиёда кард
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон сар аз соли 2016 баргузор шудани "Занги камолот" манъ шудааст. Дар макотиби Тоҷикистон дар ин рӯз, тибқи ҷадвал, хонандагон бо дарс фаро гирифта мешаванд.
Инчунин дар соли 2010 дар мактабҳои Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳию баҳориро низ манъ карда буданд ва муҳлати таътили зимистонаро тамдид карданд. Сабаби ин норасоии қувваи барқ дар фасли сармо буд.
Аммо тирамоҳи соли 2018 таътилҳои тирамоҳию баҳориро барқарор намуданд.
Бояд гуфт, таҷрибаи акнун шашсолаи Тоҷикистонро вазоратҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ пиёда менамоянд.
Ҳамакнун дар ин се кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, тибқи қоидавҳои нав, баргузор кардани чорабинӣ, ҷамъоварии маблағ аз волидон, тақдими туҳфаҳои арзишманд ва зиёфат дар тарабхонаҳо мамнуъ шудааст.
Дар ин кишварҳо "Занги охирон" ҳамагӣ 45 дақиқа ва бидуни ҳузури меҳмонон дар саҳни мактабҳо баргузор мегардад.