Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Суҳбати Шойгу: аз ваъдаи кумак ба муттаҳидон то идомаи амалиёт дар Украина - видео

Вазири дифои Русия дар мавриди идомаи амалиёти низомӣ дар Украина, кумаки Ғарб, хатари таҳияи силоҳи ҳастаӣ ва ташкили нуқтаҳои даргир дар назди СААД гуфт
Sputnik
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро сарфи назар аз кумакҳои Ғарб ба Украина ва таҳримҳо то амалӣ шудани ҳадафҳои гузошташуда идома хоҳад дод.
Ин нуқтаро Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар ҷаласаи маҷозии вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом натиҷаи тахриби низоми амнияти ҷаҳон аз сӯйи ИМА ва кишварҳои ғарбӣ мебошад.
Вай таъкид намуд, ки нерӯҳои Русия бар хилофи нерӯҳои Украина зерсохтҳои мулкиро ҳадаф қарор намедиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, инфрасохторе, ки он ҷо метавонад шаҳрвандони мулкӣ бошанд, ҳадафи қарор дода намешаванд ва ин омил ба суръати амалиёт таъсир мегузорад.
Инчунин аз талошҳо барои эҷоди нуқтаҳои ноамн дар атрофи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ хабар дода шуд.
Қодиров: ҳазорҳо аскари украинӣ қурбони курсии Зеленский шуданд
Дар чунин шароит вазири дифои Русия гуфт, азми қотеъ доранд, ки муносибат дар доираи СААД-ро таҳким бахшанд. Ӯ такмили шеваи қабули қарорҳо дар шароити буҳронӣ ва ҳамоҳангию вокунишро дар чунин ҳолатҳо муҳим хонд.
Вазири дифои Русия таъкид намуд, ки ин махсусан муҳим аст, дар шароите, ки кишварҳои ғарбӣ ҳадафмандона талоши вайрон кардани муносиботи миёни кишварҳои СААД-ро доранд.
Вай ваъда дод, ки Русия ба муттаҳидонаш дар баробари хатарҳо ва ҳифзи истиқлол кумак мекунад.
Дар мулоқоти маҷозии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД дар баробари вазирони дифои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ҳамчунин Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон низ иштирок дошт.