Ноиби дабири СММ ҳамраиси ҳамоиш дар Душанбе мешавад

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо мақомдори баландпояи ин созмон омодагиҳо ба ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанберо баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Луи Женмин, муовини дабири кулли ин созмон дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, омодагӣ ба конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" аз мавзуъҳои ин мулоқот будааст.
Ин конфронс рӯзҳои 6-9 июни соли равон дар Душанбе дар назар буда, интизор меравад, ки Лиу Женминго ба ҳайси ҳамраиси ин ҳамоиш иштирок кунад.
Қаблан СММ пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди эълони даҳсолаи "Об барои рушди устувор"-ро қабул карда, ҳадафи онро истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо арзёбӣ карда буд.
Арабистони Саудӣ дар ҳамоиши Душанбе ширкат хоҳад кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран бо зикри аҳамияти масоили об зикр намуд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи саросарӣ аз 13 ҳазор пиряхи кӯҳҳои Тоҷикистон беш аз ҳазортои онҳо комилан об шудаанд. Танҳо дар давоми даҳсолаҳои охир пиряхи Федченко дар Тоҷикистон ҳудуди 11 километри мураббаъ кам шудааст, изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳидро як қадами дигар унвон карда буд, ки метавонад барои омӯзиши ҳамаҷониба ва пешниҳоди ҳалли муассири ин мушкили ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори бовар кард, ки конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар бораи баррасии Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" нақши калидии мушкилоти обро дар ҷаҳони муосир нишон хоҳад дод.