Коршинос гуфт, чаро Русия ба муҳоҷирони тоҷик ниёз дорад? Видео

Коршинос гуфт, Маскав аз коргарони хориҷӣ, ки корхонаҳои кишвар фаъолият мекунанд, чӣ гуна манфиат мегирад ва бозор бештар ба кадом навъи коргарон ниёз дорад
Sputnik
Ба Русия омадани муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бозори меҳнати Русияро ба эътидол меорад, зеро кишвар ба коргарони беихтисос ниёз дорад.
Чунин андешаро Дмитрий Полетаев, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия шумораи аҳолӣ барои ишғоли ҳама ҷойҳое, ки аллакай муҳоҷирон гирифтаанд, кофӣ нест.
"Ин устувории фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо, сохтмонҳо, соҳаи хизматрасонӣ ва ғайраҳост. Сабаби асосии омадани онҳо дар ҳамин аст. Бозори меҳнати мо ниёз дорад, зарурат ҳаст, агар зарурат намебуд, намеомаданд", — шарҳ дод коршинос.
Полетаев афзуд, равандҳои муҳоҷират беш аз даҳ сол боз идома доранд. Онҳо ба ҳаёти Маскаву Душанбе чунон пайвастаанд, ки ҳар ду ҷониб нафъи худро мебинанд.
Таваҷҷуҳи муҳоҷирон ба шаҳрвандии Русия кам шудааст
Таҳлилгар дар идома мегӯяд, ки дар Тоҷикистон нерӯи корӣ кофӣ аст, аммо ҳамзамон камбуди ҷойҳои корӣ вуҷуд дорад, дар Русия бошад, баръакс.
Вай қайд мекунад, муҳоҷироне, ки дар корхонаҳои Русия кор мекунанд, фоида ба даст меоранд, ки ба шарофати он иқтисод фаъолият мекунад, музди меҳнати гирифтаашро бошад ба хешовандонашон мефиристанд.