ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Беш аз 13 ҳазор гуреза аз ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск гузаргоҳҳои марзии вилояти Ростовро дар давоми як шабонарӯзи охир убур намудаанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба идораи марзбонии минтақа.
"Дар шабонарӯзи охир аз тариқи гузаргоҳҳои марзии вилояти Ростов зиёда аз 13,5 ҳазор шаҳрванд вориди Русия гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ аз замони шиддати вазъ дар Украина ва ҷумҳуриҳои Донбасс беш аз 1,5 млн гуреза вориди Русия гардидаанд.
Дар зимн баробари қабули гурезаҳо мақомоти Русия дар ҳудуди худи Украина низ даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияти тиббию дорувории заруриро ба сокинони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд.
Интиқолишаҳрвандон аз Донбасс аз нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид.
Комиссари олии паноҳандагони СММ қаблан гуфта буд, аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳудуди 5,2 млн украинӣ ин кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.