ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ғарб мекӯшад, ки низоми ҷаҳонии худро бар сари Русия бор кунад, ҳарчанд ин барои худаш фоидаовар нест, гуфт сенатор Алексей Пушков.
"Аз ҳар тараф ин вазъият (бархӯрд бо Русия - шарҳ аз идора.) барояшон судманд нест - на аз ҷиҳати молӣ, на иқтисодӣ ва ҳатто на сиёсӣ, зеро Ғарб қувват нагирифтааст ва шояд мағлуб шавад. Аммо болои ин ҳама андешае бартарӣ дорад, ки тибқи он, ба назари онҳо, бояд тартиботи либералии худро ҷорӣ кунанд", - гуфт ӯ зимни анҷумани гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти унвони "Маънии нав, воқеияти тоза".
Пушков ба унвони мисоли ин гуна амалҳо тасмими Финландияро дар бораи ворид шудани ин кишвар ба НАТО зикр кард, ки ба гуфтаи ӯ, “мутаноқиз” аст.
"Худи президенти Финландия мегӯяд, ки вай аз ҷониби Русия таҳдиде намебинад, аммо аз сабаби фишори идеологӣ идеология бар ақл пирӯз мешавад", - таъкид кард сенатор.
Дар баробари ин ӯ қайд кард, ки вай ба зудудани ғарбгароӣ даъват намекунад: Ғарб маданият ва таърихи бой дорад.
"Аммо мо набояд истиқлоли худро аз даст диҳем. Ҳимояи амнияти худ, ҳуқуқ ба истиқлол як ҷузъи идеологияи мост", - гуфт ӯ.
Ҳамоиши байалмилалии "Маънии нав, воқеияти тоза" рӯзи 24 май дар Маскав бо иштироки намояндагони Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия, блогнависону фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳамчунин роҳбарону хабарнигорони ВАО-и марказӣ баргузор гардид.
Созмондиҳандаи форум медиа-гурӯҳи "Россия сегодня" мебошад.
Мушкилоти шадидтарини замони мо, аз қабили мубориза бо миллатгароён, ҷангҳои иттилоотӣ, стандартҳои дугона дар заминаи ҳуқуқи инсон, ростиозмоӣ ва зарурати муқовимат бо таҳрифҳои таърихӣ аз мавзуъҳои аслии ин нишаст мебошанд.
Дар доираи форум ҳамчунин дар маркази матбуотӣ намоишгоҳи аксҳои "Ҳаёти нав. Оғоз" кушода шуд. Он бар пояи аксҳои аксбардорони "Россия сегодня" дар бораи минтақаҳое, ки пас аз амалиёти вижаи Русия озод шудаанд, созмондеҳӣ шудааст.