ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба 130 нафар донишҷӯю аспирант стипендия тақдим кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, стипендияҳои раиси вилоят барои таҳсили хуб дар соли хониши 2021-2022 супорида шуданд.
Манбаъ афзуд, ки дар маҷмуъ 367 нафар довталаби стипендияи раиси вилоят буданд, ки комиссия 130 нафарашонро интихобу барои гирифтани стипендия пешбарӣ намуд.
Аҳмадзода зимни тақдими стипендия изҳор дошт, ки сиёсати давлат бахши ҷавонон аз муҳимтарин самтҳо буда, бахусус ба донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон эътибори бештар зоҳир гардида истодааст.
Зикр шудааст, ки алҳол дар вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар соли хониши 2021-2022 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, дар маҷмуъ беш аз 69 ҳазору 936 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ҳудуди вилояти Суғд 943 нафар магистранту аспирант ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.
Раҷаббой Аҳмадзода донишҷӯёнро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад, шодбош гуфта, барои онҳо дар ҷодаи илму маърифат комёбиҳо ва расидан ба ҳадафҳои неку дастовардҳои ҷадидро таманно кардааст.