Дар пасманзари ин баҳсҳо саволҳои зиёде ба миён омаданд, ки посухи онҳоро бисёриҳо донистан мехоҳанд.
Имрӯз иқтисоди Украина чӣ гуна аст? Чаро президенти Украина Владимир Зеленский аз кишвар ғалла содир мекунад? Чаро Аврупо ба саноати Украина ниёз надорад?
Дар ин бора рӯзноманигор ва коршиноси сиёсии украинӣ Владимир Скачко дар мусоҳиба бо Sputnik ибрози назар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Амалиёти вижа дар ҳамдастии Қувваҳои мусаллаҳи русия ва нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ сурат мегирад.
Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард президенти Русия.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.