ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Русия ба шакли овезаи ҷадиди тамғаҳои ғизои зудтайёри "McDonald's" метавонанд ду ҳарфи лотинӣ - MС-ро истифода намоянд, хабар дод нашрияи "Известия" бо такя ба як манбаъ.
Дар ҳамин ҳол хадамоти матбуотии "McDonald's" маълумотро дар бораи иваз кардани номи тарабхонаҳо овоза номид.
"Мо ҳанӯз номро эълон накардаем ва ҳамин ки мо онро оммавӣ кардем, шумо фавран дар ин бора огоҳ хоҳед шуд", - изҳор доштаанд масъулини ин ширкат.
Таъкид шудааст, ки дар номи ҷадид ҳифзи ҳарфи М дар назар нест. Ин ба он маъност, тамоми овезаҳое, ки то ҳол дар пештоқи тарабхонаҳои ғизои зудтайёри "McDonald's" насб шуда буданд, канда хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаи огоҳ, ширкати амрикоӣ дар таҳияи номи нав барои тарабхонаҳо иштирок мекунад.
Дар мавриди рӯйхати ғизоҳо баъди иваз кардани тамға таъкид гардид, ки ба таври консептуалӣ тағйир намеёбанд ва хеле наздик ба хӯроки қаблии "McDonald's" хоҳанд буд.
Коршиносон мегӯянд, тарабхонаҳои ғизои зудтайёр таҳти тамғаи нав метавонанд охири моҳи июн ва аввали июли соли 2022 ба кори худ оғоз кунанд.
Маврид ба зикр аст, ахиран "McDonald's", ки беш аз 30 сол дар Русия фаъолият дошт, аз басташавии муваққати 850 тарабхона хабар дод. Баъдан дар бораи тарки кишвар кардани ин ширкат дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина хабар дода шуд.
Феълан маълум аст, "McDonald’s" тиҷораташро ба Александр Говор мефурӯшад, ки ӯ фаъолияти тарабхонаҳоро таҳти тамғаи нав ба роҳ меандозад. Феълан ҳамаи тарабхонаҳо баста буда, ҳамаи 62 ҳазор корманди он маошашонро гирифта истодаанд.