ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Паёме, ки раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба СММ фиристодааст, пешниҳодҳо барои хатми низоъ дар Украинаро дар бар мегирад.
Паёми шахсии раҳбари Беларусро рӯзи 20 май намояндаи доимии ин кишвар дар ин созмон Валентин Рибаков ироа кард.
Дар паём гуфта мешавад, ки барои хатми низоъ дар Украина чӣ бояд кард. Чизи асосӣ, ба гуфтаи раҳбари давлати Беларус, худдорӣ аз интиқоли силоҳ ба ин кишвар, худдорӣ аз ҷангҳои иттилоотӣ ва иғвогариҳои мухталиф аст.
Ба гуфтаи Александр Лукашенко, Беларус ҳамеша ҷонибдори таҳкими амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ буд.
Лукашенко зимни суханронӣ дар бораи Украина дар паёмаш ба таври возеҳ изҳор дошт, ки Беларус барои ҳамсояи ҷанубии худ таҷовузкор нест. Ҳарчанд, чунон ки ӯ қайд карда, бисёр кишварҳо кӯшиш мекунанд, ки ин нақшро ба Беларус вогузор кунанд.
"Аммо мо низ хиёнаткор нестем, ростқавлӣ ва одоб дар муносибатҳо барои кишвари мо муҳим аст", - гуфт президенти Беларус.
Вай ёдовар шуд, ки созишномаҳои Минск барои ҳалли низоъ дар шарқи Украина дар солҳои 2014-2015 маҳз дар Беларус ба имзо расидаанд. Ва ӯ таъкид кард, ки Беларус дар соли 2022 замина барои музокироти Русияву Украинаро гузошт ва омодааст, барои таъмини сулҳ дигар корҳоро анҷом диҳад.
"Дар ин робита Беларус аз кишварҳои ҷаҳон даъват мекунад, ки муттаҳид шаванд ва аз авҷ гирифтани низои минтақавӣ дар Аврупо ба ҷанги ҷаҳонии васеъмиқёс ҷилавгирӣ кунанд", - изҳор дошт раҳбари Беларус.