ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо тими олимпии Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстонаи футболбозони то 23-сола рӯзи 25 май дар майдони "Металлург"-и Бекобод баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки тими олимпии Тоҷикистонро барои бозиҳо дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2022 сармураббии дастаи "Хатлон"-и Бохтар, Аслиддин Ҳабибуллоев тамрин медиҳад.
Мубин Эргашев, сармураббии тими миллии олимпии Тоҷикистон дар риштаи футбол - "U-23" барои табобат дар Эрон қарор дорад, хабар дод Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба ситоди мураббиёни иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими олимпӣ ҳамчунин Раҳматулло Файзуллоев, Юсуф Рабиев, мураббии дарвозабонҳо Меҳвар Сулаймонов ва мураббӣ - таҳлилгар Фаррух Марофиев ворид гардидаанд.
Ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Суғд таҳти роҳбарии Ҳабибуллоев аз 20 то 28 май баргузор шуда, ӯ 23 бозигарро ба ин давраи омӯзишӣ даъват кардааст. Дар миёни даъватшудаҳо, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар мебошанд.
Аз ду бозии дӯстона, ки бояд дастаи Тоҷикистон дар доираи доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 анҷом диҳад, ҳарифи дуюм ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Аз ду бозии дӯстона, ки бояд дастаи Тоҷикистон дар доираи доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 анҷом диҳад, ҳарифи дуюм ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Бозии тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ дар 3 июн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар 6 июн ва Ҷопон дар 9 июн баргузор мегардад.