ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Владимир Круничи 40-сола, мутахассис аз Черногория мураббии омодагии ҷисмонии мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол шуд.
Дар ин бор Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки Крунич қаблан дар тимҳои миллии Афғонистон ва Малдив бо Петр Сегрт, сармураббии феълии футболбозони тоҷик ҳамкорӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин масъули омодагии ҷисмонии бозигарони мунтахаби Лубнону Малдив будааст.
Аз охирин ҷои кори мутахассиси черногорӣ, дастаи мунтахаби Ироқ будааст, ки дар он ҷо ӯ ба ҳайси ёвари мураббии ҳоландӣ, Дик Адвокат фаъолият доштаст.
Мураббии дарвозабонҳои мунтахаби миллӣ, Алишер Туйчиев шуд, ки қаблан худаш дарвозабони тими мунтахаби миллӣ буда, ба ҳайси мурабббӣ низ кор кардааст.
Феълан ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар шаҳри Дубай дар ҷамъомади тамринӣ қарор доранд.
Сеграт ба ин ҳамоиш 26 футболбозро даъват кардаст, ки аз ин ҳисоб 13 легионер аз Булғористон, Беларус, Қазоқистон, Эрон, Ӯзбекистон, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш ва Туркия мебошанд.
Ба ҳайати тими миллӣ аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.
Дар пайи тамринот дар Дубай дастаи Тоҷикистон ба Бишкек сафар карда, дар марҳилаи иинтихобии Ҷоми Осиё - 2023 дар гурӯҳи "F" се бозӣ анҷом медиҳад.
Дар феҳрасти рақибони тими Тоҷикистон мунтахаби давлати Мянмор зикр шудаст, ки бозӣ 8 июн сурат мегирад. Бо тими Сингапур 11 июн ва Қирғизистон 14 июн вориди майдон хоҳанд шуд.