"Россотрудничество" ҳадафи дарсҳои русӣ барои гурезаҳои афғон дар Тоҷикистонро гуфт

Маркази фарҳангӣ ва маърифатии славянии Тоҷикистон ба кӯдакони паноҳҷӯён аз Афғонистон забони русиро меомӯзонад. Талабаҳо ба дарс бо оилаҳояшон меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ дар пойтахти Тоҷикистон барои таълиму таблиғи забони русӣ иқдом кардааст, хабар дод РИА "Новости".
Ин иқдом ташкили давраҳои омӯзишии такмили ихтисос барои муаллимони забони русӣ ва инчунин барномаҳои таълимӣ барои онҳоеро, ки нав омӯзиши забонро оғоз кардаанд, шомил мешавад.
Яке аз давраҳои омӯзишӣ "Русӣ ҳамчун забони хориҷӣ" мебошад, ки дар заминаи Маркази фарҳангӣ ва маърифатии славянии шаҳри Душанбе барои кӯдакони паноҳҷӯёни афғонистонӣ ташкил гардидаанд.
Иван Иванов, раиси намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ҳадафи давраҳои омӯзиширо мутобиқсозии паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба низоми таҳсил бо забони русӣ гуфт.
Маъмултарин ихтисос миёни донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия гуфта шуд
"Курсҳо барои мутобиқ шудан ба низоми таҳсил бо забони русӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо ва имкони кор кардан ва муошират кардан бо забони русӣ пешбинӣ шудаанд", - таъкид кард ӯ.
Роҳбари "Россотрудничество" афзуд, феълан омӯзиш дар шакли ҳузурӣ сурат гирифта истодааст, аммо баъдан донишҷӯён метавонанд аз тариқи интернет аз роҳи фосилавӣ дониш гиранд.
Феълан беш аз 70 афғонистонии аз 8 то 60-сола дар курсҳои забономӯзӣ дар Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки баъзан тамоми оилаҳо ҳозир мешаванд, то дарс бихонанд.
Дарсҳо бо дастгирии намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ бо дархости ҷамъияти афғонистониҳо ва созмони ҷамъиятии "Камарбанд ва роҳ" баргузор мешаванд.
Таъкид мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин курсҳо кумак ба наврасону ҷавонон барои мутобиқ шудан ба зиндагӣ ва таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад.