ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Авруосиё, ки тавассути видеоконфронс баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хабар дод.
Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон тасдиқ кард, ки раисҷумҳури Русия дар кори Форуми иқтисодии АвруОсиё иштирок мекунад.
Ин форум тариқи онлайнӣ баргузор мегардад.
Бояд гфт, форуми мазкур ҳафтаи оянда дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
Қаблан формати баргузории ин чорабинӣ маълум набуд, вале сухангӯи роҳбари Русия изҳор дошт, ки иштироки Владимир Путин новобаста аз формати форум аллакай тасдиқ шудааст.
Раёсати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2022 ба Қирғизистон гузашт.
Форуми иқтисодии Авруосиё дар ин кишвар таҳти раёсати ниҳодҳои ИА баргузор мешавад. Ин чорабинӣ рӯзи 26 май дар Бишкек баргузор мешавад.