Мақомоти Тоҷикистон: таъмини бекорон бо шуғл афзоиш ёфтааст

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи таъмини бекорон дар ҷумҳурӣ бо ҷойи кор дар семоҳаи аввали соли равон афзоиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 21 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, таъминот бо ҷойи кор аз аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6% афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки аз ҷумла тайи се моҳи соли равон 19 ҳазору 943 нафар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар бо кор таъмин карда шуданд.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта 141,8 ҳазор корҷӯ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Расман 58,9 ҳазор нафар дар соли 2021 мақоми бекорро гирифтанд.
Вакили Думаи давлатӣ хостори маҳдуд кардани кори хориҷиҳо дар Русия шуд
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ахиран гуфт дар маҷмуъ тайи соли гузашта 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол буданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман 106,2 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯй сабт шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, сатҳи нисбатан баланди бекорӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 6% баробар буда, ин нишондод дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 2,9%, Хатлон - 2% ва дар Суғд - 1,9%-ро ташкил медиҳад.
Дар мавриди кумакпулӣ дар давраи бекорӣ зикр гардид, ки соли 2021 ба 13 ҳазор нафар ҳудуди 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.