ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷаласаи даҳуми палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро даъват кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, ҷаласаи навбатӣ 30 май дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Манбаъ афзуд, ки аъзои палатаи болоии парлумон тағйирот ба қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ мекунанд.
Аз масоили дигари ҷаласа қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" мебошад, ки бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудаст.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз мавзуъҳои дигари ҷаласа арзёбӣ шуданд. Бар асоси ин тағйирот волидон дар Тоҷикистон қонунан уҳдадор мешаванд, ки бе доштани иҷозатномаи ронандагӣ ба фарзанд идораи нақлиётро иҷоза надиҳанд.
Ҳамчунин волидон муваззаф мегарданд, ки пеши роҳи фарзандеро, ки сари чанбари мошин ба муассисаи таълимӣ рафтанист, гиранд.
Маҷлиси миллӣ дар баробари ин ва дигар қонунҳои қаблан қабулкардаи Маҷлиси намояндагон, инчунин пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмуриву ҳудудии ҷумҳуриро баррасӣ мекунад. Тафсилоти пешниҳоди ҳукумат ироа нашудааст.