ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Бино ба гуфти зардолупарварон, вазъи номусоиди иқлим, бахусус боронҳои пуршиддати нимаҳои моҳи март ба ҳосили дарахтон беасар намондаанд.
Рустам Мадумаров, яке аз боғпарварони шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чӣ гуна боронҳои пуршидаат ба коҳишёбии ҳосили зардолузорҳои онҳо таъсир расонидааст.
“Нимаҳои моҳи марти имсол дар айни шукуфтани гули зардолу ҳудуди ду ҳафта дар ноҳия беист борони пуршиддат борид ва дар он замон гули дарахтон дуруст гардолуд ношуда монд. Ҳоло дида мешавад, ки ҳосили дарахтон хеле кам аст. Барои мисол, аз як дарахти солор ҳамагӣ чор сатил зардолу гирифтем”, - иброз намуд боғпарвар.
Рафтор Маҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи асароти омилҳои обуҳавоӣ ба соҳаи боғдорӣ ишора намуд.
“Дар воқеъ, дида мешавад, ки ҳосили дарахтон имсол кам аст. Ду-се рӯз баъд коркарди (обрабатся) зардолуро шуруъ мекунем ва дар он ҳолат мо дақиқ гуфта метонем, ки чанд дарсад ҳосили зардолузорҳо коҳиш ёфтааст”, – қайд намуд Маҳмадиев.
Ноҳияи Ашт яке аз калонтарин навоҳии зардолупарвари вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи шимоли кишвар ҳудуди 18 ҳазор гектор майдони зардолу мавҷуд аст, ки ин рақам 50%-и зардолузорҳои навоҳии дигари Суғд, Исфараву Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ташкил мекунад.
Бино ба иттилои Сарраёсати кишварзии Суғд, дар умум дар ин вилоят ҳудуди 45 ҳазор гектор боғи зардолу мавҷуд аст.
Аммо соли ҷорӣ бо сабаби камбуди ҳосил нархи зардолу бамаротиб гарон шудааст.
Ҳоло нархи як кило зардолу арзанак ва ё тезпазак дар бозорҳои Суғд ба 18-22 сомонӣ баробар аст.
Соли ҷорӣ дар ин шабарӯз қимати зардолу 10-15 сомонӣ гуфта мешуд.
Масъулони Идораи кишварзии Ашт мегӯянд, соли дуюм аст, ки бо сабаби вазъи номусоиди иқлим ҳосили зардолузорҳоро дуруст рӯёнида намешавад.
Соли гузашта зардолупарварони Ашт наздики 4 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда буданд, ки ин рақам назар ба солҳои қаблӣ бамаротиб кам арзёбӣ мешуд.
Рафтор Маҳмадиев мегӯяд, барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ҳоло онҳо шеваи боғдориро нав намуда қисме аз боғҳои анъанавиро ба боғдории интенсивӣ табдил додаистодаанд.аткунонии худ ҳамроҳ намуда буд.
“Аштак” навъи зардолуи хуш аст, ки дохилаш мағз низ дорад.
Рафтор Маҳмадиев мегӯяд, барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ҳоло онҳо шеваи боғдориро нав намуда, қисме аз боғҳои анъанавиро ба боғдории интенсивӣ табдил дода истодаанд.
Соли ҷорӣ дар Ашт ҳудуди 280 га боғи нави зардолу, олу ва гелосу себ бунёд шудааст, ки қариб 40 дарсади он иборат аз дарахтони қадпасти интенсивӣ будаанд.
Ҳосили ин ва дигар навоҳии зардолупарвари Суғд асосан ба Русия содирот мешавад ва аз ин ҳисоб боғдорон рӯзӣ ба даст меоваранд.
Мавсими содироти мева ба шаҳрҳои Русия аз даҳаи сеюми моҳи май шуруъ хоҳад шуд.