Муҳиб: Солеҳ дар бораи дигарҳо ба Ашраф Ғанӣ маълумоти нодуруст медод

Мушовири пешини амнияти милии Афғонистон ин бор муовини аввали раисҷумҳури гурезии пешинро ба додани маълумоти нодурусти ҷанг ба Ашраф Ғанӣ муттаҳам кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Як ҳафта пас аз он ки Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири пешини амнияти миллии Афғонистон расонаҳоро омили суқути Афғонистон ба дасти толибон хонд, акнун дар мусоҳибае гуфтааст, ки Амрулло Солеҳ дар бораи вазъияти ҷангии кишвар ба Ашраф Ғанӣ маълумоти нодуруст медод.
Дар охирин мусоҳибаи худ бо Би-Би-Си, Муҳиб бори нахуст ихтилофоти худро бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон ошкор карда, ӯро ба додани иттилоъ ва маслиҳати бардурӯғ, дур аз воқеияти ҷангӣ дар ин кишвар ба Ашраф Ғанӣ муттаҳам кард.
Аммо ӯ дар ин бора ҷузъиёти бештаре надод.

"Ҳар мавриде ки марбут ба нокомии ман бошад ,масъулияти комили онро бар уҳда мегирам ва ба хотири он узрхоҳӣ мекунам. Умедворам, ки ҳар касе, ки масъулияте дошта бошад, биёяд ва тавзеҳ бидиҳад", - гуфт ӯ.

Муҳиб афзуд, мардуми афғонистонӣ "эҳсосотӣ" ва "хафа" ҳастанд. Аммо аз нигоҳи раисҷумҳури Афғонистон, ду ҳафтаи ҷанг ба ҷуз бадбахтии бештар дигар дардеро дармон намекард.
Ҳамдуллоҳ Муҳиб аз мардуми Афғонистон узрхоҳӣ кард
Мушовири собиқи Шӯрои амният афзуд, умедвор аст, ҳамаи онҳое, ки дар суқути ҳукумати пешин даст доранд, тавзеҳ хоҳанд дод.
Қаблан дар як суханронии ҷадид ва баҳсбарангез дар хориҷ вай расонаҳоро дар фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон айбдор ва махсусан ба "TOLOnews" ишора кард.
Қобили зикр аст, ки пас аз фирори Ашраф Ғанӣ ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб аз дасти толибон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор карданд. Амруллоҳ Солеҳ то ҳол маълум нест, ба кадом кишваре фирор кардааст.