Дуздии маблағи ҳангуфт аз банкомат дар вилояти Суғд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошт шудани ҷавоне ба иттиҳоми дуздии маблағи ҳангуфт аз банкомат хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Сокини 30-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба иттиҳоми дуздии маблағи бузург аз банкомат боздошт шуд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҷавон дар паи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.
"Марди 30-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки номбурда, шаби 18-уми май, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ноҳияи мазкур бо роҳи шикастани терминали маблағгузорӣ 56 ҳазору 725 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дуздӣ дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи Ромит: ВКД ду нафарро боздошт кард
Вазорати корҳои доихлӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон сатҳи кушодашавии ҷиноятҳои содиршуда тайи як соли охир 80,4 дарсадро ташкил додааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ камтар мебошад. Соли пешин сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 83%-ро ташкил дод.
Ба иттилои додситон, соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24 ҳазору 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 2,8 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 80,4 фоизро ташкил медиҳад. Соли пеш теъдоди ҷиноятҳо 23,4 ҳазор арзёбӣ шуда буд.
Сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 337, ВМКБ 155, вилояти Хатлон 96, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 148, Турсунзода 85, Ҳисор 81 ва Рӯдакӣ 62 маврид афзоиш ёфтааст.