ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар форуми байналмилалии содиротӣ баргузор мегардад.
Ин форум рӯзи 25 май аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
Форум дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар таҳти унфони "Бохтар Фуд-2022" ташкил карда мешавад, хабар доданд ба АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки Форуми байналмилалии содиротии "Бохтар Фуд-2022" дар партави дастури президент бо мақсади амалисозии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор мешавад.
Ҳадаф аз гузаронидани форум - рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ тавассути муаррифии имконоти содиротии кишвар гуфта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои 17-18 июн Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022"гузаронида мешавад.
Ногуфта намонад, ин соли ҳаштум аст, ки Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил карда мешавад.
Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақаӣ ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Интизор меравад, ки дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.