ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Шумораи ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонад афзоиш ёбад.
Дар ин бора Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаи сохтмон кадрҳои нав лозиманд. Бисёре аз мутахассисони рус метавонанд ба корҳои барқарорсозӣ дар Мариуполи Ҷумҳурии Мардумии Донетск раванд.
Дар ҳамин ҳол, ба гумон аст, ки муҳоҷирони тоҷик ба сохтмонҳои ҶМД ҷалб шаванд.
"Рафтани мутахассисони рус ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мусоидат мекунад", - мегӯяд коршинос.
Ӯ қайд намуд, ки соҳаҳои сохтмон ва хизматрасонӣ дар миёни хориҷиён серталаб аст.
Вале феълан афзоиши ҷойҳои корӣ сурат намегирад ва ҳамчунин лоиҳаи барқарор кардани Мариупол низ ташкил нашудааст. Алъон ҳамаи ин нақшаҳо дар сатҳи созишномаҳо қарор доранд.
Илова бар ин, Полетаев дар бораи номуайянии зиёд дар соҳаи иқтисод гуфт. Аз сабаби таҳримҳо, азнавсози он оғоз ёфт.
Коршиносон сармоягузорӣ ва рушдро интизоранд, аммо ҳанӯз намефаҳманд, ки ин чӣ гуна сурат мегирад. Ҳамчунин ӯ аз барқарор шудани ҷараёни муҳоҷират ба Русия пас аз коҳиши он дар давраи пандемияи коронавирус хабар дод.