Расулзода дар нишасти сарони ҳукуматҳои ИДМ аз чӣ гуфт?

Нахуствазири Тоҷикистон дар нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз талош барои рушди муносибот бо ин давлатҳо гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат ва суханронӣ кард.
Ин нишаст ба таври онлайн, тариқи видеоконференсия баргузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки дар кори ҷаласа барои баррасӣ беш аз 10 масъала пешниҳод шуда, фарогири муҳимтарин мавзуъҳои мубрами рӯз будааст.
Дар ин нишаст зикр шудааст, ки дар вазъи имрӯзаи ҷаҳон бо роҳи ҳамгироии зичу пурсамар имкон аст таъсири омилҳои беруна ва буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳоро коҳиш дод.
Путин хост, ба ИДМ мақоми нозир дар СААД дода шавад
Расулзода зимни суханрониаш таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ пайваста чорандешӣ карда, дар ин самт имкониятҳои ҷойдошта мақсаднок истифода бурда мешаванд.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ номбар шудаанд
Дар нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ изҳори умедворӣ шудааст, ки табодули афкор дар ҷаласаи навбатӣ имкон медиҳад ки соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, саноату кишоварзӣ, энержӣ, гумрук, экология, сайёҳӣ, тандурустӣ ва роҳу нақлиёт рушд намояд.