Аз раъду барқ то 34 дараҷа гармӣ: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ҳоле ки дар шарқи ҷумҳурӣ барф меборад, дар навоҳии дигар то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва раъду барқ дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва вақти шаб дар шарқи вилоят бориши сусти барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Аз Ашт то Айнӣ: мақомот гуфтанд, ки дар Суғд чанд шаҳру ноҳияи селхез вуҷуд дорад
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.