ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринӣ аз 20 то 28 май баргузор шуда, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев 23 бозигарро даъват кардааст.
Дар миёни даъватшудаҳо аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар мебошоанд.
Дар назар аст, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад, аммо ҳарифон ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Дар назар аст, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад, аммо ҳарифон ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ - 3 июн, Амороти Муттаҳидаи Араб - 6 июн ва Ҷопон - 9 июн баргузор мегардад.
Ба ҷамъомади тамринӣ аз ҷумла дарвозабонҳо - Шоҳрух Қирғизбоев, Далер Азизов, Аҳлиддин Ҳабибуллоев даъват шудаанд.
Ҳимоятгарон Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов, Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров, Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов ва Ҳусейн Нурматов мебошанд.
Дар феҳрасти нимҳимоятгарон - Амадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Ислом Зоиров, Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов, Абдулмуъмин Забиров, Умарҷон Шарифов ва Шарафҷон Солеҳов зикр шудаанд.
Ҳамлагарон Рустам Соиров, Муҳаммадалӣ Азизбоев ва Сунатулло Исмоилов мебошанд.