ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Савдои асъор дар биржаи Маскав бо поинравии навбатии қурби доллари амрикоӣ ва евро анҷомид, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба нишондодҳои биржаи пойтахти Русия.
Ба иттилои манбаъ, қурби асъори амрикоӣ ба ҳисоби фардо то 57,85 рубл расид, ки бори аввал чунин нишондоди паст аз моҳи апрели соли 2018 то ҳол сабт мешавад.
Евро дар сатҳи 59,97 рубл додугирифт мешавад, ки баробари қурби асъори аврупоӣ дар соли 2017 мебошад.
Таҳлилгарон мегӯянд, барои ташаккули чунин нишондодҳо омилҳои гуногун таъсир доранд. Аз ҷумла омодагии ширкатҳо барои пардохтҳои андозӣ, ки 25 - 27 май дар назар аст, талабот ба долларро коҳиш дод. Инчунин тавони қавии пардохтпазирии Русия дар ин раванд нақш дорад.
Аз омилҳои дигар маҳдудиятҳои Бонки марказии Русия барои ҳаракати пул дар шароити таҳримҳо арзёбӣ мешавад.
Устуворшавии пули Русия дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба нишондоди он таваҷҷуҳ зиёд зоҳир карда мешавад. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд, ки бо рубли русӣ маош мегиранд.