Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Чӣ гуна ҷангҷӯёни украинӣ аз "Азовстал" баромада таслим шуданд? - видео

Навори нави хуруҷи гурӯҳи дигари ҷангҷӯёни украинӣ аз корхонаи "Азовстал"-и Мариупол нашр шуд. Миёни низомиён бонувон низ ҳастанд
Sputnik
Вазорати дифои Русия видеои ҷадиди таслим шудани низомиёни украиниро аз қаламрави "Азовстал"-и Мариупол намоиш дод.
То ин замон шумори ҷангҷӯёни украинӣ, ки силоҳҳои худро дар корхонаи Мариупол ба замин гузошта буданд, аз 1700 нафар гузашт.
Дар видеоҳо дида мешавад, гурӯҳе аз мардум, аз ҷумла занон аз корхона берун мешаванд. Ҳар кадоми онҳо аз тафтиши зарурӣ мегузаранд, ашёи шахсӣ ва ҳуҷҷатҳоро нишон медиҳанд.
Нашри видеои амалиёти навбатии чархболи "Ка-52" дар Украина
Вазорати дифои Русия рӯзи 16 май эълом кард, ки ҷангҷӯёни "Азовстал" ба таслим шудан шуруъ кардаанд.
Дар давоми ду рӯзи аввал 959 кас, аз ҷумла 80 захмӣ силоҳ ба замин гузошт.
Киев саъй кард, ки хуруҷи ҷангҷӯёнро ҳамчун "тахлия" муаррифӣ кунад, аммо дар Русия гуфтанд, ки танҳо як тафсири ҳодиса вуҷуд дорад - одамон таслим мешаванд.